Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон
31.03.2025
31 март дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони воломақомро самимона истиқбол намуданд ва маросими аксбардории муштараки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои ҳамсояро самимона хайрамақдам гуфта, бори дигар онҳоро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуданд ва изҳор доштанд, ки «ин ҷашн давоми ҳазорсолаҳо барои таҳкими ҳадафҳои баланди инсондӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар, ҳамбастагӣ ва ризоият хизмат намудааст».
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «кишварҳо ва мардумони моро риштаҳои қавии дӯстии бисёрсола, накуҳамсоягӣ ва рушди муштарак бо ҳам мепайванданд».
«Мо дар Тоҷикистон муносибатҳоро бо Қирғизистон ва Узбекистон, ки бар пояҳои накуҳамсоягӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар асос ёфтаанд, баҳои баланд медиҳем», – зикр намуданд Пешвои миллат зимни суханронӣ. Дар идома Сарвари давлати мо рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои се кишварро «яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон» номиданд.
Президенти давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баимзорасии Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро «рӯйдоди бисёр муҳим» арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои пурсамари сафари давлатии ба наздикӣ анҷомёфтаи худ ба Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон азм дорад дар давраи оянда тамоми кӯшишҳоро барои фароҳам овардани заминаи зарурӣ ҷиҳати ҳамкории гуногунҷанбаи созандаи ду кишвар равона намояд.
Сарвари давлати мо аз имзои Шартнома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва табодули тасдиқномаҳо оид ба он изҳори қаноатмандӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бо имзои ин санади таърихӣ «дар муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон марҳилаи сифатан нави рушд оғоз ёфт».
Дар идома муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «мо ба ояндаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистон хушбинии баланд дорем».
Дар фарҷоми суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯзаи роҳбарони се кишвари ҳамсоя «ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ, муносибатҳои накуҳамсоягӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобил, инчунин, ҳамкории созандаву муассир миёни кишварҳоямон ва мардумони бародар мусоидат менамоянд».
Kaynak:https://www.president.tj/event/news/50324
Birleşik Rusya, Yaroslavl Garnizon Askeri Hastanesi’nde Özel Askeri Harekat (SVO) katılımcılarının Ulusal Birlik Günü’nü kutladı
Birleşik Rusya, Zafer Gönüllüleri hareketinin 10. yıl dönümünü kutladı
Birleşik Rusya, Ulusal Birlik Günü dolayısıyla büyük çaplı protestolar düzenleyecek
Birleşik Rusya’nın desteğiyle 3. Tüm Rusya Bilimsel ve Teknolojik Dikte Toplantısı Makine Mühendisleri Günü’nde gerçekleştirilecek
«Единая Россия»: Инновационные компании определили точки роста при масштабировании технологического бизнеса
Birleşik Rusya, ülkenin teknolojik kimliğine yönelik bir strateji geliştirmek için ulusal bir platform oluşturacak